Июн 30, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз сиёсатҳои Трамп

Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз сиёсатҳои ахири давлати Трамп дар ҳавзаи ҳуқуқи башар, интиқод кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Созмони дидабони ҳуқуқи башар, Созмони дидабони ҳуқуқи башар бо интиқод аз сиёсатҳои ахири давлати Трамп таъкид кард, давлати Амрико дар ҳавзаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба масъалаи ҳуқуқи башар пушт кардааст.

Ин интиқоди Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз Трамп пас аз он сурат мегирад, ки Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико ва Никки Ҳейли, сафири ин кишвар дар Созмони Милал дар ростои ҳимояти худ аз режими саҳюнистӣ аз хурӯҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал хабар доданд.

Аз сӯи дигар, пештар камсири ҳуқуқи башари Созмони Милал аз иқдоми давлати Амрико дар ҷудосозии иҷбории кӯдакон аз волидайни муҳоҷир ва паноҳҷӯи худ, дар марзҳои ин кишварро мардуд дониста буд.

Амрико ҳамчунин ба думболи афзоиши марокизи боздошти муҳоҷирон аст ва буҷаи бештар барои таъмини амнияти марзӣ ва тавони таъсисотӣ барои боздошти муҳоҷиронро хостор шудааст.

Давлати  Трамп ҳамчунин ба думболи маҳдуд кардани ҳаққи раъй ва ҳаққи эътирози оштиҷӯёна аст.

Аз сӯи дигар, давлати Амрико ба ҷои расидагӣ ба мавориди нақзи ҳуқуқи башарии муртабит бо амнияти миллӣ, бо имзои санаде дастур ба идомаи фаъолияти зиндони Гуантанамо додааст.

 

Барчасп