Омори талафоти ғайринизомиёни афғон дар моҳи июни 2018
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36350-Омори_талафоти_ғайринизомиёни_афғон_дар_моҳи_июни_2018
Як ниҳоди ғайридавлатӣ дар Афғонистон эълом кард, дар моҳи гузашта, дастикам 153 ғайринизомии афғон бар асари даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 02, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • Омори талафоти ғайринизомиёни афғон дар моҳи июни 2018

Як ниҳоди ғайридавлатӣ дар Афғонистон эълом кард, дар моҳи гузашта, дастикам 153 ғайринизомии афғон бар асари даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта шуданд.

Гурӯҳи додхоҳӣ барои ҳифозати ғайринизомиёни афғон дар гузориши моҳонаи худ эълом кард, дар июни соли ҷорӣ 158 ғайринизомии афғон дар 22 вилояти Афғонистон кушта ва 355 тани дигар низ бар асари даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ захмӣ шудаанд.  

Ҳамалоти террористӣ ва ҳамчунин ҳамалоти нерӯҳои амрикоӣ аз муҳимтарин авомили талафоти ғайринизомиёни афғон дар моҳи гузашта унвон шудааст.