Июл 03, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сухангӯи Мугарини бар тааҳҳуди Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи БарҶОМ

Сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бар тааҳҳуди Брюссел ба иҷрои комилу муассири Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Кувайт, Мая Кучианчик (Maya Kuchiánchik), сухангӯи Федерико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ тасреҳ кард, Аврупо ба иҷрои комилу муассири тавофуқи ҳастаии Эрон мутааҳҳид аст, зеро БарҶОМ дар ростои манофеи амниятии Аврупо ва ҷомеаи байналмилал аст. Кучианчик афзуд, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони байналмилалии он барои ҳифзи БарҶОМ ва идомаи раванди истифода аз имтиёзҳои он иқдомоти зиёде кардаанд.

Пас аз иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хурӯҷ аз БарҶОМ (ҳаштуми майи соли 2018) ва дархости кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи ин тавофуқ Эрон фурсати маҳдуде ба аврупоиҳо додааст, то тазмини амалӣ диҳанд, ки манофеи барҷомии Эрон ҳангоми бозгашти таҳримҳои Амрико таъмин шавад.

 

Барчасп