Июл 04, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Эътирози беш аз 40 кишвари ҷаҳон ба сиёсатҳои тиҷории Трамп

Намояндагони беш аз 40 кишвари ҷаҳон рӯзи сешанбе ба тарҳи раиси ҷумҳурии Амрико барои афзоиши нархнома (таърифа)-и воридоти мошин ва қисмҳои эҳтиёти (қатаот)-и он норозигӣ баён карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, 28 узви Иттиҳоди Аврупо ба ҳамроҳии Чин, Русия, Канада, Швейтсария, Норвегия, Туркия, Коста-Рика, Венесуэла, Сингапур, Бразилия, Кореяи Ҷанубӣ, Мексика, Қатар, Таиланд ва Ҳинд эътирози худро дар нишасти Шӯрои колои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Женеваи Швейтсария эълом карданд.

Кишварҳои ёдшуда дар ин нишаст нигаронии худро дар хусуси якҷонибагароии Амрико эълом карданд ва хостори мутобиқ сохтани  сиёсатҳои Вашингтон бо қонунҳои байналмилалӣ шуданд.

Мавзӯи иқдомоти Амрико бо дархости Ҷопон ва Русия дар дастури кори нишасти аъзои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) қарор гирифта буд ва ин ду кишвар дар хусуси эҳтимоли фурӯпошии низоми қонунмеҳвари тиҷорати чандҷониба ҳушдор доданд.

Ин нишаст дар шароите баргузор мешавад, ки расонаҳо ба тозагӣ аз таҳияи тарҳе дар Кохи Сафед барои хуруҷи Амрико аз СТҶ хабар дода буданд.

Ин тарҳ, ки пешнависи он мунташир шудааст, Вашингтонро аз ду асли муҳими СТҶ хориҷ мекунад ва ба Трамп иҷоза медиҳад, ки бидуни касби ризоияти конгресс таърифаҳоро ба хости худ афзоиш диҳад.

Кохи Сафед дар моҳҳои гузашта таърифаҳои сангине рӯйи фӯлод ва алюминиюми воридотӣ ҷорӣ карда ва ба тозагӣ ҳам аз баррасии тарҳи мушобеҳе барои саноати мошин хабар додааст.

Ин иқдомот бо вокуниши ҷавобии кишварҳои муттаҳид ва ҳампаймони Амрико мувоҷеҳ шуда ва ҷаҳонро ба самти як ҷанги тиҷории ҳамаҷониба майл додааст.

 

Барчасп