Дархости Вазорати хориҷии Афғонистон аз Озарбойҷон барои эҷоди сафорат дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36415-Дархости_Вазорати_хориҷии_Афғонистон_аз_Озарбойҷон_барои_эҷоди_сафорат_дар_Кобул
Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон хост, барои густариши равобити ду кишвар сафорати худро дар Кобул эҷод кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 05, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Дархости Вазорати хориҷии Афғонистон аз Озарбойҷон барои эҷоди сафорат дар Кобул

Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон хост, барои густариши равобити ду кишвар сафорати худро дар Кобул эҷод кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Уфуқ”-и Афғонистон, Насир Аҳмад Андеша, муовини вазири хориҷии ин кишвар дар сафаре ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, ҳузури намояндагони давлати Боку дар Кобул барои тавсеаи равобити ду кишвар зарур аст. Ӯ ҳамчунин Ҷумҳурии Озарбойҷонро аз шарикони муҳими Афғонистон дониста афзуд, бояд ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, бавижа тиҷорӣ афзоиш ёбад.