Дархости Вазорати хориҷии Афғонистон аз Озарбойҷон барои эҷоди сафорат дар Кобул
Июл 05, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
Вазорати умури хориҷии Афғонистон аз давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон хост, барои густариши равобити ду кишвар сафорати худро дар Кобул эҷод кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Уфуқ”-и Афғонистон, Насир Аҳмад Андеша, муовини вазири хориҷии ин кишвар дар сафаре ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, ҳузури намояндагони давлати Боку дар Кобул барои тавсеаи равобити ду кишвар зарур аст. Ӯ ҳамчунин Ҷумҳурии Озарбойҷонро аз шарикони муҳими Афғонистон дониста афзуд, бояд ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, бавижа тиҷорӣ афзоиш ёбад.
Барчасп