Июл 07, 2018 11:42 Asia/Dushanbe
  • Видои Бразилия бо Ҷоми Ҷаҳонӣ - 2018 бо шикаст дар баробари Белгия

Дидори тимҳои миллии футболи Бразилия ва Белгия дар рақобатҳои марҳилаи якчаҳоруми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2018-и Русия, ба бурди Белгия бо натиҷаи 2 бар 1 хотима ёфт.

Дар нимаи аввали ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Қазон Арена” баргузор шуд, тими миллии Белгия дар дақиқаи 13 –ум аз ҳисоби гол бахудии Луис Фернандо, бозикуни Бразилия пеш афтод.

Дар ин лаҳза зарбаи кунҷи чапи дарвоза (курнер)-и Белгия рӯйи дарвозаи Бразилия фиристода шуд, ки тӯб ба бозӯи Фернандо бархурд кард ва вориди дарвоза шуд.

Дар дақиқаи 31-ум Кевин Де Брейне голи дувуми Белгияро ба самар расонд.

Дар нимаи дувум Бразилия, ки худро дар остонаи ҳазф медид, фишорро бештар кард то саранҷом дар дақиқаи 76 тавассути Ренато Августо ба гол расид ва ихтилофро ба як расонд.

Баъд аз ин гол бо вуҷуди ҳамалоти пуршумори Бразилия, ин тим натавонист голи дигаре ба самар бирасонад ва бо ин натиҷа аз даври рақобатҳо канор рафт.

 Бо ин бозӣ тими Белгия ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ - 2018 роҳ ёфт.

 

Барчасп