Як расонаи олмонӣ: Русҳо аммония бу мекарданд
(last modified Mon, 09 Jul 2018 13:27:56 GMT )
Июл 09, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Як расонаи олмонӣ: Русҳо аммония бу мекарданд

Рӯзномаи Билди Олмон гузориш дода, ки бозикунони тими миллии Русия дар бозиҳояшон муқобили Испания ва Хорватия аммония истиншоқ кардаанд, то ба беҳбуди амалкардашон кумак кунад.  

Яке аз сухангуҳои федератсияи футболи Русия дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Зоддевиче Зойтунг эълом карда, ки яке аз бозикунони таъвизии Русия дар бозӣ муқобили Испания, пеш аз вуруд ба замин ин корро анҷом дода.

Сояи допинг муддате аст, бар варзиши Русия соя афканда.

Ҷадидтарин иттиҳомро олмониҳо ворид карда ва тими мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро ба иттиҳоми допинг мавриди ҳамла қарор додаанд. Рӯзномаи Зоддевиче Зойтунги Олмон мегӯяд, бозикунони Русия дар Ҷоми ҷаҳонӣ аммония истиншоқ мекардаанд, модае, ки расман мамнуъ нест ва ба унвони модаи нерӯзои мамнуа дастабандӣ нашудааст.