Июл 10, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми шарқи Афғонистон дар эътироз ба куштори ғайринизомиёни афғон

Шарқи Афғонистон шоҳиди тазоҳуроти зиддиамрикоӣ ва додани шиори “Марг бар Трамп!” садҳо нафар аз мардуми ноҳияи Вайгал (Waygal) дар вилояти Нуристон буд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, тазоҳуркунандагон рӯзи гузашта бо маҳкум кардани ҳамалоти ҳавоии ахири низомиёни амрикоӣ ба манотиқи маскунӣ дар шарқи Афғонистон, аз ҷумла вилояти Нуристон муҷозоти омилони ин ҷиноёт ва хурӯҷи низомиёни амрикоиро аз Афғонистон хостор шуданд. Муътаризон бо ба оташ кашидани парчами Амрико хашми худро аз ҳамалоти шабонаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ба манотиқи маскунии шарқи Афғонистон эълом карданд.

Дар ҳамлаи ду рӯз пеши ҷангандаҳои амрикоӣ ба як манзили маскунӣ дар ноҳияи Вайгали вилояти Нуристон дар шарқи Афғонистон 6 ғайринизомии афғон кушта шуд. Тазоҳуркунандагони давлати Афғонистон ва ҷомеаи байналамилалиро ба сукут ва бетафовутӣ дар муқобили куштори мардум аз сӯйи низомиёни амрикоӣ муттаҳам карданд.

Дар чанд моҳи ахир низ дар ҳамалоти низомиёни амрикоӣ ба манотиқи маскунии вилоёти Лугар, Хуст, Нангарҳор ва Нуристони Афғонистон низ садҳо ғайринизомии афғон кушта ва захмӣ шудаанд.

 

Барчасп