Июл 12, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Дуздии иттилооти ҳассоси артиши Амрико

Ҳаккерҳо асноди ҳассоси нигаҳдорӣ ва коркарди паҳподҳои MQ-9-ро дар Амрико дуздидаанд.

Ба гузориши “Спутник”, ширкати “Recorded Future”, ки дар заминаи таҳлили таҳдидоти иттилоотӣ фаъолият мекунад, ҳушдор дод, як ҳаккер муваффақ шудааст, аз масире, ки пештар ифшо шуда буд, ба роёнаҳои ҳайати нерӯи ҳавоии Амрико, воқеъ дар Невада нуфуз кунад. Ба гуфтаи гурӯҳи таҳқиқотии ин ширкат, ин дузди роёнаӣ тавонистааст асноду иттилооти ҳассосеро аз ин пойгоҳ ба сирқат барад, ки дафтарчаҳои чигунагии нигаҳдории паҳподҳои MQ-9 ва феҳрасти халабонҳои ин паранда аз муҳимтарини онҳо аст. Ин ҳаккер ба иттилооте низ дар заминаи тактикаҳои муқобала бо васоили дастсози инфиҷорӣ, дафтарчаи нигаҳдорӣ ва контроли танкҳои “Abrams”, дафтарчаи омӯзиш ва ҳифзи ҷони хадама ва тактикаҳои таҳоҷумии танкҳо даст ёфтааст.

Ин гузориш ҳокист, иттилооти ёдшуда эҳтимолан аз тариқи як мақоми Вазорати дифои Амрико дуздида шудааст.

 

Барчасп