Амрико 12 мақоми русро ба ҳак шудани эмейли демократҳо муттаҳам кард
Вазорати додгустарии Амрико рӯзи ҷумъа 12 мақоми иттилоотии Русияро ба ҳак кардани эмейлҳои мақомҳои аршади Ҳизби демократ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016-и ин кишвар муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, иттиҳомоти ҷадиди Вазорати додгустарии Амрико дар ҳоле аст, ки Даналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико қарор аст рӯзи душанбе дар Ҳелсинки, пойтахти Финляндия бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дидор кунад.
Аз сӯйи дигар, Вазорати умури хориҷаи Русия бомдоди имрӯз - шанбе дар баёнияе эълом кард, ҳеҷ мадраки “дол” (исботкунанда, далолаткунанда) бар иртиботи 12 шаҳрванди рус, ки Амрико алайҳи онҳо иттиҳом мезанад ё бахши иттилооти артиши Русия, бо ҳак шудани шабакаҳои роёнаии Ҳизби демократи Амрико тавассути онҳо вуҷуд надорад.
Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард, ин иқдоми Вазорати додгустарии Амрико бо ҳадафи фазосозӣ пеш аз дидори Доналд Трамп бо Владимир Путин сурат гирифтааст.
Вазорати додгустарии Амрико дар моҳи феврал низ 13 шаҳрванд ва се ширкати русиро ба дахолат дар “фарояндҳои сиёсӣ ва интихоботии Амрико” муттаҳам карда буд.