Дидори Трамп – Путин нишонаи тағйир ё намоиши таблиғотӣ?
Баъд аз ҳашт сол, бори дигар раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия нишасти дуҷониба баргузор карданд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар оғози дидор бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар ҳузури хабарнигорон, аз иштиёқи Вашингтон барои беҳбуди робита бо Русия сухан гуфт. Путин дар посух гуфт: “Замони он расида, ки дар мавриди равобитамон муфассал гуфтугӯ кунем”.
Албатта, дидори сарони Амрико ва Русия дар ҳоле дар Ҳелсинкии Финландия баргузор мешавад, ки ду кишвар бар сари мавзӯоти зиёде бо якдигар ихтилофи назари ҷиддӣ доранд. Амрикоиҳо дар талош ҳастанд бо таҳдид ва тарс додани рақибони сиёсӣ – иқтисодии хеш, аз ҷумла Русия, худро дар ҷойгоҳи танҳоабарқудратӣ пас аз фурӯпошии блоки Шарқ мустаҳкам кунанд.
Адабиёти Трамп дар сафари ахир ба Аврупо ҳикоят аз он дорад, ки амрикоиҳо қасд доранд хостаи худро аз мизони будҷаи низомии кишварҳои узви НАТО то мавзӯи Брекзит (Хуруҷи Британия аз ИА) ва парвандаи хати лӯлаи гази Русия ба Олмон, ба дигарон таҳмил кунад.
Трамп соъоте қабл аз дидор бо Путин, Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупоро душманони Амрико хонд.
Душманӣ бо русҳо низ аз Қафқози Шимолӣ ва шарқи Украина шуруъ мешавад ва то Сурия дар ғарби Осиё ва нимҷазираи Корея дар шарқи Осиё густариш меёбад. Русия ҳатто ба талош барои таъсиргузорӣ бар натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико муттаҳам аст.
Бо таваҷҷуҳ ба чунин руйкарде нишасти сарони Амрико ва Русия баъд аз ҳашт сол вақфа, чашмандози беҳбуди равобити ду кишварро ироа намекунад. Албатта Трамп борҳо аз иштиёқи худ барои тағйир дар равобит бо Русия таъкид карда ва ҳалли мушкилоти ҷаҳониро бидуни кумак ва мусоидати русҳо номумкин хондааст. Бо ин ҳол, ба назар намерасад, ки дар мавриди наҳваи таомул бо Русия, Доналд Трамп битавонад ҳарфи ниҳоиро дар Амрико бизанад.
Дар остонаи дидори Ҳелсинки, Кумитаи иттилоотии Сенати таҳти контроли ҳамҳизбиҳои Трамп иттиҳоми дахолати Русия дар интихоботи соли 20016-ро таъйид кард ва Вазорати додгустарии давлати Трамп низ алайҳи 12 рус ба иттиҳоми ҳаки сервисҳои компютерии ҳизби рақиб, яъне Ҳизби демократ эъломи ҷурм кард. Ин ду иқдом нишон медиҳад, ки Трамп ва мушовиронаш барои беҳбуди равобит бо Маскав роҳи бисёр душворе пеши рӯ дорад.
Дар айни ҳол, давлати Амрико ҳамзамон бо лаҳни оштиҷӯёнаи Трамп дар қиболи Русия, бар фишорҳои сиёсӣ – иқтисодӣ алайҳи Маскав низ афзуда аст. Дар тамоми асноди амниятӣ, ки давлати Трамп мунташир кардааст, Русия ба ҳамроҳи Чин ду рақиби таҷдиди назарталаб тавсиф шудаанд, ки бояд ба тариқи мухталиф, аз ҷумла афзоиши будҷаҳои низомӣ, тақвияти тавоноиҳои сойберӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ё ҳатто роҳандозии ҷангҳои тиҷорӣ маҳор шаванд. Албатта, русҳо низ ҳамонанди чиниҳо дар вокуниш ба руйкарди таҳоҷумии Амрико, сиёсати муқовимат ва иқдоми ҳамсонро дар пеш гирифтааст.
Дар чунин шароите расидан ба тавофуқ, он гуна ки Трамп дар лафз аз он сухан ба миён меоварад, дур аз интизор хоҳад буд. Ҷуз ин ки раиси ҷумҳурии Амрико ҳамчун дидор бо раҳбари Кореяи Шимолӣ, аҳдофи таблиғотӣ – интихоботиро аз дидор бо раиси ҷумҳурии Русия мадди назар доштааст.