Масдуд шудани поёнаи марзии Ҳайратон
Поёнаи марзии Ҳайратон, воқеъ дар марзи Афғонистон бо Узбакистон дар пайи идомаи эътирозҳо ба боздошти фармондеҳи низомии вилояти Форёб масдуд шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, поёнаи марзии Ҳайратон, воқеъ дар шимоли Афғонистон дар пайи тазоҳуроти мардуми шимоли ин кишвар дар эътироз ба идомаи боздошти Низомуддин Қисорӣ, намояндаи вижаи генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон масдуд шуд.
Ҳайратон шаҳри кӯчаке аст, ки дар марзи миёни Узбакистону Афғонистон воқеъ шудааст. Ин шаҳр дар шимоли вилояти Балх қарор дорад ва яке аз муҳимтарин марокизи тиҷории Афғонистон ба шумор меравад.
Ҳафтаи гузашта низ шуморе аз муътаризон зимни масдуд кардани бузургроҳи Мазори Шариф - Кобул барканории Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистонро хостор шуда буданд. Ин эътирозҳо дар пайи дастгир шудани Низомуддин Қисорӣ, намояндаи вижаи генерал Дӯстум, раиси Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар вилояти Форёб дирӯз вориди шонздаҳумин рӯзи худ шудааст. Муътаризин озодии Қисорӣ ва бозгашти Дӯстум аз Туркия ба Афғонистонро хостор шуданд ва таҳдид карданд, марокизи давлатиро таътил хоҳанд кард.
Дӯстум ҳудуди як сол аст, ки бо баҳонаи беморӣ дар Туркия ба сар мебарад. Бархе ахбори таъйиднашуда ҳокӣ аз он аст, ки муовини аввали Ашраф Ғанӣ бозгашти худро ба озодии Қисорӣ машрут кардааст.