Бозгашти генерал Дӯстум ба Афғонистон - гузинаи ҳушмандонаи Ашраф Ғанӣ
Бозгашти генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ба ин кишвар, бори дигар масъалаи ояндаи сиёсӣ ва парвандаи матраҳшуда алайҳи вайро дар маркази таваҷҷуҳи маҳофили сиёсӣ ва расонаии Афғонистон қарор додааст.
Пас аз гузашти як сол аз табъиди ғайрирасмии генерал Дӯстум ба Туркия, вай ба Афғонистон бозгашт ва тибқи эъломи Арги раёсати ҷумҳурӣ тадобири вижае барои истиқбол аз муовини аввали раисҷумҳурии ин кишвар рӯйи даст гирифта шудааст.
Иқомати генерал Дӯстум дар Туркияро бояд бархоста аз ташдиди таниши вай бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон донист, ки аз ибтидои ҳузури Дӯстум дар симмати муовини аввали раиси ҷумҳурии ин кишвар, ихтилофи онон дар наҳваи идораи Афғонистон ва барканориву ҷобаҷоии мақомҳои миллӣ ва маҳаллӣ буруз пайдо кард.
Муноқиша ва таниш байни Дӯстум ва Ғанӣ пас аз матраҳ шудани парвандаи шикояти Аҳмад Ишчи алайҳи Дӯстум авҷ гирифт.
Пас аз шикояти Аҳмад Ишчи аз аъзои собиқи Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон ва волии пешини Ҷузҷон аз генерал Дӯстум, ба иттиҳоми боздошт ва бадрафтории ҷинсӣ бо вай, зимни ташкили парванда алайҳи муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон, равобити Дӯстум бо Ғанӣ бо танишҳои бештаре рӯбарӯ шуд. Ин танишҳо сабаб шуд то Дӯстум дар як соли гузашта дар табъиди ғайрирасмӣ дар Туркия ба сар бибарад.
Доктор Абдулатиф Назарӣ, коршиноси сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, давлати Афғонистон мехоҳад аз парвандаи ҷанҷолии Дӯстум ва Ишчи ҳам ба унвони ташвиқ ва ҳам ба унвони аҳроми фишор барои Дӯстум ва низ алайҳи эътилофи “Наҷоти Афғонистон” истифода кунад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар як соли ахир талошҳои бисёре барои ифои нақши миёнҷӣ дар бораи коҳиши ихтилофот байни Дӯстум ва Ғанӣ ва тарғиби муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ба бозгашт ба ватан сурат гирифт, аммо Дӯстум ҳозир ба ақибнишинӣ аз мавзеи худ нашуд.
Дар як соли ахир ин пурсиш борҳо матраҳ шуд, ки чаро раиси ҷумҳурии Афғонистон Дӯстумро аз симмати муовини аввали худ барканор намекунад, ки албатта посухи ин пурсишро бояд дар ҷойгоҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ғайриқобили инкори ин генерали маъруф донист.
Бозгашти генерал Дӯстум ба Афғонистон, ки ба гуфтаи бархе манобеъ бо ду шарти идомаи ҳузур дар симмати муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ва озодии Низомуддин Қисорӣ, фармондеҳи низомии шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб анҷом шудааст, нишонае аз нармиши мавзеи Ғанӣ дар қиболи Дӯстум аст.
Пайвастани Дӯстум ба сафи мухолифони Ғанӣ дар қолаби эътилофи Шӯрои “Наҷоти Афғонистон” ва тақвияти ин ташаккули сиёсӣ дар моҳҳои ахир, аз ҷумлаи нигарониҳои ҷиддии раиси ҷумҳурии ин кишвар аз идомаи таниш бо Дӯстум маҳсуб мешавад.
Албатта, нармиши мавзеи Ғанӣ ба маънои хатми парвандаи шикояти Ишчи алайҳи Дӯстум нест ва ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ин парванда пас аз бозгашти Дӯстум дар додгоҳ ба сурати одилона баррасӣ хоҳад шуд.
Ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки фароҳам кардани заминаи бозгашти Дӯстум ба Афғонистон, гузинаи ҳушмандонаи Ашраф Ғанӣ дар тақвияти оромиши сиёсӣ дар моҳҳои охири наздик шудан ба замони баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ва ба хусус маҳори эътирозҳо дар шимоли Афғонистон ба боздошти Қисорӣ аст, ки аз наздикони Дӯстум ба шумор меравад.
Аҳмад Саидӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон мегӯяд, ҳукумат ба хотири хомӯш кардани ҳаракатҳои зиддидавлатӣ дар шимоли ин кишвар тан ба дархости бозгашти Дӯстум ба Афғонистон додааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мухолифони Ашраф Ғанӣ талош доранд дар қолаби эътилофи бузург дар интихоботи оянда мушорикат кунанд, ҳадафи вай эҷоди шикоф дар байни нерӯҳои сиёсии мухолиф, аз ҷумла бо коҳиши таниш бо Дӯстум аст, ки аз таъсиргузорӣ ва якпорчагии онон ҷилавгирӣ кунад.