Дархости корбарон барои ихроҷи Трамп аз “Твиттер”
(last modified Tue, 24 Jul 2018 05:40:15 GMT )
Июл 24, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Дархости корбарон барои ихроҷи Трамп аз “Твиттер”

Шуморе аз корбарони саршиноси “Твиттер”, аз ҷумла хабарнигорони шабакаи NBC-и Амрико рӯзи душанбе аз ин шабакаи иҷтимоӣ хостанд, ҳисоби корбарии раисҷумҳури Амрикоро ба далели таҳдиди Эрон бандад.

Ба гузориши ИРНА, ин корбарон бо интишори паёмҳое ба мудирони “Твиттер” ёдоварӣ карданд, Доналд Трамп бо таҳдиди Эрон қавонини ин шабакаи иҷтимоиро, ки мегӯяд, набояд аз “Твиттер” барои таҳдиди дигарон истифода кард, зерпо гузоштааст. Билл Нили (Bill Neely), хабарнигори маъруфи шабакаи NBC дар “Твиттер” навишт, шак надорад, Трамп бо ин твит қавонини “Твиттер”- ро нақз кардааст. Стефан Руле (Stephanie Ruhle), муҷрии саршиноси NBC низ дар “Твиттер” навишт, Трамп бо таҳдиди Эрон қавонини “Твиттер”-ро зери по гузоштааст.

Трамп рӯзи душанбе дар вокуниш ба суханони ахири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мабнӣ бар ин ки Амрико набояд бо думи шер бозӣ кунад, дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт, Эрон дар сурати таҳдиди дубораи Амрико шоҳиди авоқибе хоҳад буд, ки таърих пеш аз ин камтар ба худ дидааст.