Таваҳҳуми Пампео барои таслими Теҳрон
Вазири хориҷаи Амрико бори дигар рӯйкарди зиддиэронии худро ба намоиш гузошт ва муддаӣ шуд, фишорҳои Амрико рафтори Ҷумҳурии Исломии Эронро дар минтақа тағйир додааст.
Майк Пампео рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи шуниди Кумитаи равобити хориҷии Сенат дар бораи рӯйкарди Амрико дар қиболи Эрон иддао кард, Эрон ҳамон кишвари панҷ моҳи пеш нест. Ин мавзуъ ба хотири он аст, ки корзори фишори молӣ ва хуруҷи Амрико аз БарҶом таъсир доштааст.
Вазири хориҷаи Трамп гуфт, Амрико мухолифи ин аст, ки Эрон ғанисозии ураниюм дошта бошад.
Майк Пампео шомгоҳи якшанбеи гузашта ҳам дар ҷамъи шумори каме аз мухолифони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иёлати Калифорния, бори дигар дар мавзеъгирии зиддиэронӣ, Теҳронро комилан зидди Ғарб донист ва гуфт, Кохи Сафед дар ҳамкорӣ бо дигарон, фишор ва сиёсати ба сифр расонидани фурӯши нафти Эронро пайгирӣ мекунад.
Давлатмардони Трамп ва ҳайати ҳокимаи тундрав ва зиддиэронии Амрико ҳамаи равишҳои мумкинро ба хидмат гирифтанд то аз ҳамаи абъод ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фишор ворид кунанд то он тавр, ки худ мехоҳанд бо Эрон гуфтугӯ кунанд. Вобаста будан, нуфуз дар Эрон ва тиҳисозии Эрон аз ҳар гуна абзори қудрат: “Эрони матлуби давлати Трамп” аст, ки роҳҳои расидан ба ин ҳадафро пайгирӣ мекунад. Хуруҷи Амрико аз БарҶом, ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташдиди ҷанги равонӣ бо Эрон дар ҳамин чорчӯб қарор дорад то ба гумони Кохи Сафед Эрон вориди гуфтугӯ бо Амрико шавад.
Таҷрибаи 40 соли Инқилоби исломӣ ба хубӣ, махсусан барои давлатмардони амрикоӣ собит кардааст, Эрон дар баробари фишорҳо таслим нахоҳад шуд ва дар ҳар шароите истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии худро аз даст нахоҳад дод. Имрӯз ҳам давлати Трамп дар сояи раҷазхонӣ (фишор ва таҳдид) муваффақ нахоҳад шуд гуфтугӯи мавриди назари худро бо Эрон амалӣ кунад.
Дар ҳамин чорчӯб, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба тозатарин суханони мақомоти мухталифи Амрико, ки ҳамзамон бо таҳдид, дархости музокира бо Эронро матраҳ мекунанд, гуфт: “Давлати Амрико тасаввури музокираи яксӯя ва аз сари зиёдаҷӯӣ ва дар сояи таҳдид бо Эрони сарфарозро барои ҳамеша фаромӯш кунад”.
Шояд ин навъ модел (гуфтугӯ аз сари зиёдахоҳӣ) дар ҷойи дигар ҷавоб дода бошад ва бархе кишварҳо ҳозир бошанд худро вобаста ба Амрико бидонанд ва дар сояи ин кишвар нақшофаринӣ кунанд, аммо Эрон бо доштани тамаддуне чандҳазорсола ва нишонаҳои бумии қудрат ба таври мустақил бозӣ мекунад ва асири теорияҳои фишор аз сӯйи Амрико нахоҳад шуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз ба лутфи иттиҳод ва истодагӣ дар арсаҳои мухталиф, муқтадир аст. Омилҳои низомӣ- дифоӣ, мавқеияти геополотикӣ ва ҳузури муассир дар муодилоти минтақаӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бозигари фаъол сохтааст, ки мавҷудияти он дар замон, ҳол ва оянда дар вобастагӣ ба қудратҳои бузург таъриф намешавад. Имрӯз даврони султаҷӯӣ ва яксӯянигарӣ нест ва дар чунин шароите миллат ва давлатҳои мустақил асирм чунин таваҳҳумоте нахоҳанд шуд.
Эрон имрӯз илова бар арсаи сиёсӣ, дар арсаи ҳуқуқӣ ҳам дар баробари Амрико пирӯз аст ва дар ҳамин чорчӯб Девони байналмилалии додгустарӣ ба шикояти Эрон аз Амрико посухи мусбат додааст.
Дар ҳамин замина Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат бо таъкид бар ин ки дар ҳар саҳнае рӯбарӯи Амрико истодагӣ мекунем, гуфт: “Шикоят ба Девони байналмилалии додгустарӣ саҳнаи ҳуқуқӣ буд ва дар саҳнаи сиёсӣ ҳам ин истодагӣ вуҷуд дорад ва ин ки имрӯз аксарияти қотеи кишварҳои ҷаҳон иқдомоти Амрикоро нодуруст, маҳкум ва ё ҳаддиақал аз он изҳори таассуф мекунанд, нишонаҳое аз ин истодагӣ аст. Мо бояд дар ҳамаи заминаҳо дар баробари тавтеаҳои душманон истодагӣ кунем”.