Поёни ҳамлаи террористӣ дар Ҷалолободи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37027-Поёни_ҳамлаи_террористӣ_дар_Ҷалолободи_Афғонистон
Манобеи афғон аз поёни ҳамлаи террористӣ ба сохтмони идораи муҳоҷирати Афғонистон дар вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар хабар доданд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 31, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳамлаи террористӣ дар Ҷалолободи Афғонистон

Манобеи афғон аз поёни ҳамлаи террористӣ ба сохтмони идораи муҳоҷирати Афғонистон дар вилояти Нангарҳор дар шарқи ин кишвар хабар доданд.  

Ҳамлаи террористи ба сохтмони идораи муҳоҷирати шаҳри Ҷалолободи маркази вилояти Нангарҳор бо кушта шудани ду муҳоҷим ба поён расид.

Қабл аз зуҳри имрӯз инфиҷоре маҳиб муқобили сохтмони идораи умури муҳоҷирати вилояти Нангарҳор дар ҳавзаи севуми амниятии Ҷалолобод рӯй дод ва пас аз он террористҳо вориди ин сохтмон шуданд.

Фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Пеш аз ин низ ҳамлаи террористии шанбе ба маркази омӯзиши момои шаҳри Ҷалолободи панҷ кушта ва ҳашт захмӣ бар ҷо гузошт.

Аъзои ДИИШ дар вилояти Нангарҳор ҳузур доранд ва токунун муртакиби ҳамлаҳои террористии зиёде шудаанд.