Август 01, 2018 13:01 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба таҳримҳои зиддирусии ҷадиди Иттиҳоди Аврупо

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, таҳрими Иттиҳоди Аврупо алайҳи ширкатҳои русӣ мумкин аст ба таҳрими чанд ширкати аврупоӣ сабаб гардад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Мария Захарова эълом кард, таҳримҳои ҷадиди Иттиҳоди Аврупо алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар сохти пули Қрим мушорикат доштанд, сиёсати вайронгар аст, ки дар ҳақиқат алайҳи сокинони ин нимҷазира ҷорӣ шудааст.

Вай идома дод, Итиҳоди Аврупо бо ин таҳримҳо касонеро ташвиқ карда, ки ин минтақаро дар муҳосираи энержӣ қарор додаанд ва касонеро танбеҳ кардаанд, ки зерсохтҳои ғайринизомӣ барои ин минтақа эҷод кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе шаш ширкати русиро ба далели нақш доштан дар сохтани пул миён ин кишвар ва Қрим, таҳрим кард.

Владимир Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи умури байналмилали Шӯрои федератсияи Русия низ дар вокуниш ба ин иқдоми Иттиҳоди Аврупо гуфт, Иттиҳоди Аврупо бо таҳрими шаш ширкати русӣ саъй карда то ваҷҳаи худро ҳифз кунад, зеро сарони ин иттиҳод наметавонанд бипазиранд, ки минтақаи Қрим барои ҳамеша ба Русия бозгаштааст.

Ҷабборов таъкид кард, ин таҳримҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дурнамои равшане надорад ва агар ширкате дар феҳристи таҳримҳо қарор гирад, ширкати дигаре ба ҷойи он зуҳур хоҳад кард.

Ба дунболи шиддат гирифтани танишҳо миёни Русия ва Ғарб дар иртибот бо буҳрони шарқи Украина ва пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия дар соли 2014, Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоеро алайҳи Русия эъмол карда, ки ин таҳримҳо вокуниши ҳамсони Маскавро дар пай доштааст.

 

Барчасп