Худдорӣ аз истихдоми бонуи боҳиҷоб дар Олмон
Август 02, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
Дорухонае дар шаҳри Обертсҳавҳени Олмон, дархости кори як зани мусулмонро ба далели пушидани русарӣ рад кард.
Яке аз шуаби дорухонаи “PAM” дар шаҳри Обертсҳавҳени Олмон, дархости кори Маҳтоб Узкӣ Бошорон, зани мусулмонро ба иллати русарӣ пушидани вай рад кард.
Вай барои кор ба унвони текнисини дорухона дархост дода буд ва таҷрубаи чаҳор сол кор дар ин бахшро дорад дар ҳоле, ки соҳиби дорухона бо ӯ бархурде табъизомез дошт.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ба шакли густардае дар муқобили ин рафтори табъизомез алайҳи бонуи мусулмони боҳиҷоб вокуниш нишон доданд.
Барчасп