Омили ҳамлаи террористӣ дар Санкт-Петербург, шиносоӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37087-Омили_ҳамлаи_террористӣ_дар_Санкт_Петербург_шиносоӣ_шуд
Кумитаи бозрасии Русия як шаҳрванди Қирғизистонро, ки аз ҳомиёни аслии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург буд, муаррифӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 03, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
  • Омили ҳамлаи террористӣ дар Санкт-Петербург, шиносоӣ шуд

Кумитаи бозрасии Русия як шаҳрванди Қирғизистонро, ки аз ҳомиёни аслии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург буд, муаррифӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, натоиҷи бозрасии ин кумита дар бораи ҳамлаи террористии севуми апрели 2017 дар Санкт-Петербург, Сироҷиддин Мухторов шаҳрванди Қирғизистонро омили ҳамла муаррифӣ кард.

 Бар асоси иттилооти мақомоти кумитаи бозрасии Русия, Мухторов бо лақаби Абусалоҳ ал-Узбакӣ ҳомӣ ва омили аслии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аст.

Вай яке аз раисони гурӯҳи террористи ДИИШ дар Сурия аз ҷумла раиси гурӯҳи ифротии «Тавҳид ва ҷиҳод» аст.

Бо иқдомоти ниҳодҳои амниятии Русия, 11 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шуда ва қарор аст теъдоди зиёд аз онҳо ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Аввалин бор исми Мухторов дар соли 2016 пас аз ҳамлаи террористӣ ба сафорати Чин дар Бишкек дар расонаҳои маҳаллӣ матраҳ шуд.

Вай сокини вилояи Ош дар ҷануби Қирғизистон аст, аммо иттилооти бештар, аз ҷумла иттилооти шиносномаи вай ба таври шаффоф эълом нашудааст.

Дар таърихи севуми апрели соли 2017 як ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта ва 67 нафар маҷруҳ шуданд.