Созмони Милал ҳамлаи саудиҳо ба автобуси донишомӯзон дар Яманро «ҷинояти ҷангӣ» хонд
(last modified 2018-08-10T16:07:16+00:00 )
Август 10, 2018 21:07 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал ҳамлаи саудиҳо ба автобуси донишомӯзон дар Яманро «ҷинояти ҷангӣ» хонд

Дар идомаи вокунишҳои байналмилалӣ ба ҳамлаи дирӯзи ҷангандаҳои Саудӣ ба автобуси ҳомили донишомӯзон дар шаҳри Заҳёни устони Саъда, Созмони Милал имрӯз бо судури баёнияе ин ҳамларо «ҷинояти ҷангӣ» хонд.

Созмони милал имрӯз (ҷумъа) бо судури баёнияе дар пайи ҳамлаи ҳавоии дирӯзи эътилофи Саудӣ ба Саъда эълом кард, ҳаргуна ҳамлае, ки мустақиман ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад, «ҷинояти ҷангӣ» аст.

Дар ин баёния омадааст, ки «аз тарафҳои даргир дар Яман мехоҳем, ки ба қавонини байналмилалӣ эҳтиром бигузоранд.»

Ба гузориши Алҷазира, дар идомаи баёния таъкид шуда, ки «бештарин қурбониёни ғайринизомиёни Ямани касоне ҳастанд, ки дар ҳамалоти ҳавоии эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистон ҳадаф қарор гирифтаанд.»

Созмони Милал ҳамчунин аз тарафҳои даргир дар Яман хост, ки ҷавониби эҳтиётро барои ҳадаф қарор нагирифтани ғайринизомиён риоят кунанд.

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал низ дишаб ба намояндагӣ аз дабири кулли ин созмон баёнияе мунташир ва ҷинояти эътилофи Саудӣ дар ҳамла ба автобуси донишомӯзон дар шаҳри Заҳёни Яманро маҳкум кард.

Ба гуфтаи Фараҳон Ҳаққ, оқои Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони милал хостори анҷоми «таҳқиқоти мустақил ва фаврӣ дар бораи ин ҳодиса» аст.

Ҳамлаи дирӯз (панҷшанбе) ҷангандаҳои Саудӣ ба автобуси ҳомили донишомӯзон дар шаҳри Заҳёни устони Саъда воқеъ дар Яман ба кушта шудани 55 нафар ва захмӣ шудани 77 нафари дигар мунҷар шуд.