Эрдуғон: Туркия таслими фишорҳои Амрико намешавад
(last modified Mon, 13 Aug 2018 06:50:26 GMT )
Август 13, 2018 11:50 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Туркия таслими фишорҳои Амрико намешавад

Раисиҷумҳури Туркия таъкид кард, Анкара таслими фишорҳо ва таҳримҳои Амрико намешавад.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе дар суханронӣ дар конгресси устонии Ҳизби адолат ва тавсеа дар Туркия гуфт, бо як бозии сиёсӣ рӯбарӯ ҳастем, аммо Анкара ба таҳдидҳои Вашингтон бо қотеъият посух хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Туркия афзуд, амрикоиҳо ончиро, ки натавонистанд бо кудато ва иқдомоти таҳрикомез зидди давлати Анкара амалӣ кунанд, мехоҳанд бо пул, анҷом диҳанд ва исми ин иқдом ба сароҳат, ҷанги иқтисодӣ аст.

Эрдуғон гуфт, Вашингтон бо доллар, Туркияро ҳадаф қарор додааст, аммо Анкара низ аз роҳҳои дигар, Амрикоро ҳадаф қарор медиҳад.

Доналд Трамп дар изҳороти таҳдидомез зидди Туркия гуфт, агар Анкара  Andrew Brunson, кишиши амрикоиро ҳарчӣ сареътар озод накунад бо таҳримҳои ҳамаҷонибаи Амрико рӯбарӯ мешавад.

Давлати Туркия Andrew Brunson-ро моҳи октябри 2016 ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ, ҷосусӣ ва иртибот бо гурӯҳи Гулен боздошт кард ва ӯ дар ҳоли ҳозир дар Туркия, дар ҳабси хонагӣ басар мебарад.

Анкара Фатҳуллоҳ Гуленро, омили кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия медонад.