Лаҳзашумории ҳамсари Трамп барои талоқ гирифтан
Август 14, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
Мудири пешини дафтари иртибототи умумии Кохи Сафед дар китоби ҷадидаш фош кард, Мелания Трамп, ҳамсари раисҷумҳури Амрико мунтазири поёни даврони раёсатҷумҳурии ҳамсараш аст, то бедиранг аз ӯ ҷудо шавад.
Омароса Маниго Нюман дар китоби ҷадидаш бо номи “Равонӣ: ривояти як корманди дохилӣ аз Кохи Сафеди Трамп”, ҳамчунин ба фасоди ахлоқӣ, нажодпарастӣ, занситезӣ ва ихтилолоти равонии Трамп ишора кардааст.
Омароса Маниго Нюман авоили 2018 аз симмати худ истеъфо кард.