Расвоии иттилоотии ҷадиди Фейсбук ва давлати Амрико
(last modified Sun, 19 Aug 2018 07:24:07 GMT )
Август 19, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Расвоии иттилоотии ҷадиди Фейсбук ва давлати Амрико

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Вазорати додгустарии Амрико аз шабакаи иҷтимоии Фейсбук хостааст, то бо рамзгушоии нармафзори паёмрасони худ, иттилооти корбаронашро дар ихтиёри давлати Амрико қарор диҳад.

Бар асоси ин гузориш, се нафар аз мақомоте, ки дар бораи ин тарҳи давлати Амрико тавҷеҳ шудаанд бо ифшои ин хабар гуфтанд, Кохи Сафед саъй дорад бо ин иқдом, бахшҳои давлати Амрикоро қодир созад, то ба шунидани муколимоти савтии афроди гумонбар шуда бипардозанд.

Ин дархости давлати Амрико аз Фейсбук дар шароите тарҳ шуда, ки Sheryl Sandberg, аз мудирони аршади ширкати Фейсбук чанде пеш дар хусуси ифшои иттилооти корбарон гуфта буд, бо пардохти пул метавон ба додаҳои хусусии корбарон дастрасӣ пайдо кард.

Чанде пеш расонаҳо гузориш доданд, ширкати додапардозии Cambridge Analytica, ки бо ситоди интихоботии Доналд Трамп ҳамкорӣ дошта, ба иттилооти 50 миллион корбари Фейсбук даст ёфтааст.