Имтиёзи вижаи шаҳрдории Маскав барои намозгузорони иди Қурбон
(last modified Mon, 20 Aug 2018 04:30:59 GMT )
Август 20, 2018 09:30 Asia/Dushanbe
  • Имтиёзи вижаи шаҳрдории Маскав барои намозгузорони иди Қурбон

Мақомоти шаҳрдории Москав дар як иқдоми инсондӯстона тасмим гирифтаанд имсол барои намозгузорони иди Қурбон имтиёзи вижаеро қоил шаванд.

Ба гузориши ИТАРТАСС, намози иди Қурбон фардо - 21 – уми август афзун бар чаҳор масҷиди ҷомеи пойтахти Русия, дар се маҳалли махсуси ин ибодати мусалмонон доир хоҳад шуд.

Ба ин тартиб ва бар асоси тасмими мақомоти Маскав, ин се маҳалли вижаи намозгузорӣ дар атрофи парки ҷангалии Бутовский, майдони футболи парки Братеевский ва парки Сколники пазирои таҷлилкунандагон аз ид ва намози Қурбон хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки масҷиди ҷомеи хиёбони “Мир” гунҷоиши ҳудудан 100 ҳазор намозгузорро дорад ва дар масҷиди таърихии тоторӣ то 30 ҳазор нафар ва масҷиди Мемориалная 40 ҳазор намозгузор намози иди Қурбонро адо хоҳанд кард.

Дар сатҳи вилояти Маскав ҳам 39 масҷид ва намозхона омодаи пазироӣ аз намозгузорони ид аст ва дар 13 майдон ҳам кушторгоҳ барои моли қурбонӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар Русия беш аз 25 миллион мусалмони муқим ва муҳоҷир ба шумули тоҷикон ба сар мебаранд ва тақрибан аз тамоми имконоти зарурӣ барои анҷоми расму ойинҳои динии худ бархурдор ҳастанд.