Чолиши ҷадиде барои Трамп
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз замоне, ки рӯйи кор омада, бо чолишҳои зиёде дар дохили Амрико ва дар муқобили сохтори ҳокимиятии ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.
Яке аз ин чолишҳо - иттиҳоми дахолати Русия дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 - и Амрико ба нафъи Трамп аст, масъалае, ки ҳамчунон расидагӣ ба он идома дорад ва Трамп ҳанӯз даргири он аст.
Аммо мушкили ҷадиди Трамп додгоҳӣ шудан ва маҳкумияти коркунони собиқи вай аст, ки метавонад паёмади ҷиддӣ барои Трамп дошта бошад.
Дар ин росто, Трамп ба эъломи ҷурм алайҳи ду нафар аз дастёрони собиқи ситоди интихоботиаш вокуниш нишон дод ва иттиҳомот алайҳ худро дурӯғпардозӣ тавсиф кард.
Паул Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Трамп рӯзи сешанбе дар додгоҳе аз 18 банди иттиҳоми ворида дар бораи тақаллуби бонкӣ ва молиётӣ, дар 8 банд маҳкум шинохта шуд.
Ин дар ҳолест, ки Майкл Коҳен, вакили собиқи Трамп низ бо ҳузур дар додгоҳи федерал дар Ню-Йорк, ба ҷурми худ дар бораи нақзи қонунҳои молии ситодҳои интихоботӣ дар рақобати раёсати ҷумҳурии соли 2016 эътироф кард. Аммо он чи ки ин эътирофро дорои аҳамият мекунад, эътирофи Коҳен дар ин бора аст, ки вай ин тахаллуфро бо иҷозаи Трамп ва бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ анҷом додааст.
Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар нахустин вокуниш ба муттаҳам шинохта шудани ин ду, дар Твиттер ишорае дошт, ки ҳамзамон дарбаргирандаи ситоиш аз Манафорт ва танбеҳи Коҳен буд.
Доналд Трамп дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Агар касе дунболи як вакили хуб мегардад, ман тавсия мекунам, суроғи Майкл Коҳен наравад”.
Трамп дар бораи пули Манафорт навишт: “Адолат (киноя аз додгустарӣ) як маврид молиётеро, ки ба 12 соли пеш бармегардад, дастовези эъмоли фишори беҳадду андоза бар пули Манафорт қарор додааст”.
Ҳарчанд маҳкумияти Манафорт чандон иртиботе бо Трамп пайдо намекунад, аммо маҳкумият ва муҷрим шинохта шудани Майкл Коҳен табаоти ҷиддӣ барои Трамп дар бар хоҳад дошт. Коҳен ба панҷ банди фирори молиётӣ, нақзи қонунҳои молии интихоботӣ ва тақаллуби бонкӣ эътироф кард. Парвандаи Коҳен низ бахше аз таҳқиқоти Роберт Мюллер аст. Мюллер - бозраси вижаи таҳқиқот дар бораи дахолати Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 - и Амрико аст. Коҳен ба пардохти ҳаққуссукут ба як бозигари филмҳои фаҳшову зишт буд, ки Трамп бо вай робита дошт, эътироф кардааст.
Адам Шифф, аз демократҳои аршад дар кумитаи иттилоотии Маҷлиси намояндагони Амрико изҳор дошт, суханони Майкл Коҳен дар бораи фирори молиётӣ, кулоҳбардории бонкӣ, нақзи қавонини молии марбут ба муборизоти интихоботӣ, аз ҷумла пардохти ҳаққуссукут ба зане, ки бо Трамп робита дошта, бахши дигаре аз эътирофоти ҳалқаи наздикони раиси ҷумҳурӣ аст.
Даргир шудани раисҷумҳурӣ дар як қонуншикании молӣ ва ҳуқуқӣ дар давраи муборизоти интихоботӣ ба мушкилоти қазоии вай доман мезанад.
Акнун дурнамои торикӣ барои Трамп падидор шудааст.Трамп ҳарчанд дар мавриди муҳокимаи Манафорт вокуниш нишон дод, аммо дар мавриди эътирофоти Коҳен феълан тарҷеҳ дод сукут ихтиёр кунад.
Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Коҳен иттилооте дар мавриди ситоди интихоботии Трамп ба Мюллер бидиҳад.
Мақомоти иттилоотии Амрико мегӯянд, ки русҳо дар интихоботи Амрико дахолат карда ва ба интихоби Трамп кумак кардаанд. Трамп ҳар гуна иртибот бо русҳоро рад кардааст. Русия низ гуфта, ки дар интихоботи Амрико дахолат накардааст. Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли зиёди пирӯзӣ ва моҳиб шудани демократҳо бар Конгресси Амрико дар интихоботи 6 – уми ноябри соли 2018, эҳтимоли пурсуҷӯи Трамп пеш аз поён ёфтани давраи аввали раёсати ҷумҳурии вай, ба далели ошкор шудани қонуншиканиҳои интихоботии вай, бо таваҷҷуҳ ба эътирофоти Коҳен то ҳадди зиёде афзоиш ёфтааст.