Август 23, 2018 19:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд кумаки Иморот, Кувейт ва Қатарро барои селзадагонаш рад кард

Давлати Ҳинд пешниҳоди кумаки молии Иморот, Қатар, Кувет ва Молдавияро барои селзадагон дар иёлати “Kerala” рад кард.

Рӯзномаи “The Times of India” навишт, Иморот, Қатар, Кувет ва Молдавия ба Ҳинд пешниҳод кардаанд, барои бозсозӣ ва ёрӣ ба селзадагони ин аёлат, ки беш аз ҳашт миллион мусулмонро дар худ ҷой додааст, кумак молӣ ироа кунанд, аммо мақомоти аршади давлати Ҳинд эълом карданд, Деҳлии Нав қасд дорад аз манобеи худ барои бозсозии ин аёлат дар ҷануби ин кишвар истифода кунад.

Бо ин ҳол, Ҳинд эълом кардааст, аз кумакҳои молии ширкатҳо ва ашхоси ғайридавлатии хориҷ аз Ҳинд, ҷилавгирӣ намекунад.

Аз авоили моҳи августи ҷорӣ токунун беш аз 200 нафар дар иёлати “Kerala” ба сабаби сел ҷони худро аз даст додаанд, дар ҳоле, ки наздик ба як миллион нафар дигар дар ин иёлат маҷбӯр ба тарки хонаҳои худ шудаанд.

Дар баровардҳои аввалия, хисорати молии ин сел 2.86 миллиард доллар эълом шудааст.

Пеш аз ин низ давлати Ҳинд дар соли 2013 дар селҳои вайронкунандаи иёлати Уттаракханд бо дарёфти кумакҳои молии хориҷӣ, мухолифат карда буд.

Бар асоси гузоришҳо, дар фасли боронҳои соли ҷорӣ, 868 нафар дар ҳафт иёлати Ҳинд бар асари вуқӯъи сел ҷони худро аз даст додаанд.

Боронҳои мавсимии Монсун, ки аз июн то сентябр ба таври муназзам дар Ҳинд идома дорад, ҳама сола хисорати ҷонӣ ва молии зиёде дар ин кишвар бар ҷой мегузорад.