Август 29, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мусаллаҳона ба Тоҷикистон - омили таъхир дар музокироти Маскав

“Спутник” навишт, ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 26 – уми август дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ, боиси таъхир дар музокироти Маскав перомуни Афғонистон шудааст.

Хабаргузории русии “Спутник” бо дарҷи мақолае ба паёмадҳои ҳамлаи мусаллаҳона ба гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори ин кишвар пардохта навиштааст, ки ин ҳодиса боиси эҷоди вақфа дар раванди омодагӣ ба музокироти Маскав перомуни Афғонистон шудааст.

 Бар асари ин ҳамлаи мусаллаҳона ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда ва як нафар ба шиддат захмӣ шуд.

Бархе аз манобеъ ҳам ин ҳамларо кори қочоқчиёни маводи мухаддир донистаанд. Манобеи расмии тоҷикистонӣ ҳам даст доштани Толибон дар ин ҳамларо рад намекунанд.   

Пеш аз ин ҳамла, Толибон посгоҳи Ойхонум, дар тули марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистонро ба тасарруфи худ даровард ва 10 нерӯи марзбонии афғонро ба қатл расонд.

Як рӯз пас аз ҳамлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, Абдулқайюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав ба дидори Игор Маргелов, муовини вазири хориҷаи Русия рафт ва билофосила Вазорати хориҷаи Русия ба таъхир афтодани музокироти сулҳи Афғонистонро эълом кард.

Қарор буд музокироти сулҳи Афғонистон бо ҳузури Толибон ва давлати Афғонистон рӯзи чаҳоруми сентябр дар Маскав баргузор шавад.