Майк Пенс: Барои барканории Трамп барномарезӣ накардаам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37954-Майк_Пенс_Барои_барканории_Трамп_барномарезӣ_накардаам
Муовини раисиҷумҳури Амрико, ки гумонбар ба иқдом алайҳи Доналд Трамп аст, сӯҳбат аз эҳтимоли барканории раиси худро рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 09, 2018 09:09 Asia/Dushanbe
  • Майк Пенс: Барои барканории Трамп барномарезӣ накардаам

Муовини раисиҷумҳури Амрико, ки гумонбар ба иқдом алайҳи Доналд Трамп аст, сӯҳбат аз эҳтимоли барканории раиси худро рад кард.

Майк Пенс, муовини раисиҷумҳури Амрико дар мусоҳибае бо барномаи «рӯ дар рӯ бо миллат»-и дар шабакаи СБС, изҳор кард, ки аъзои кобина дар мавриди иҷрои мутаммам (замима,комилкунанда-пайваст)-и 25 Қонуни асосии Амрико дар хусуси барканории раисиҷумҳурӣ сухане ба миён наовардаанд.

Эҳтимоли барканории Трамп пас аз он матраҳ шудааст, ки рӯзномаи Ню-Йорк Теймз ҳафтат гузашта ёддоште ба қалами «як узви аршади давлат»-и Амрико мунташир карда буд, ки дар он аз ташкили блоки «муқовимат»-и аъзои Кохи Сафед дар муқобилт «бадтарин хоҳишҳо»-и раисиҷумҳурӣ хабар дода буд.

Дар ин мақола омада буд, бо таваҷҷуҳ ба бесуботиҳое, ки бисёреҳо шоҳид будаанд, дар дохили кобинаи замзамаҳое дар хусуси иҷрои мутаммами 25 Қонуни асосии Амрико вуҷуд дошт. Ин мутаммам дар бораи оғози раванди печидаи барканории раисҷумҳурӣ аст.

Мутаммам(замима,комилкунанда-пайваст)-и 25 Қонуни асосии Амрико ин имконро барои муовини раисиҷумҳурӣ ва аксарияти аъзои кобина фароҳам карда, то дар номае ба Конгресс, раисиҷумҳуриро номуносиб барои анҷоми вазоифаш муаррифӣ кунанд.

Тибқи ин мутаммам, муовини раисиҷумҳури метавонад, ҷонишини вай шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар бархе гумоназаниҳо ин эҳтимол матраҳ шуда, ки шояд Пенс нависандаи ин мақола бошад.

Фармонҳо, изҳорот, иқдомот ва рафторҳои ҷанҷолӣ ва дар бисёре маворид беадабонаи Доналд Трамп, сабаб шудааст, бисёре аз мардум ва сиёсатмдорони Амрико, мақоми раёсатҷумҳурии ин кишварро дар ҳадди вай надонанд.