Сентябр 11, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти Сурия дар Женева

Музокироти намояндаи вижаи дабири кулли Созмон милал дар умури Сурия бо намояндагони Эрон, Русия ва Туркия имрӯз дар мақарри Созмон милал дар Женева оғоз шуд.

Дар ин музокирот, Стаффан де Мистура, намояндаи вижаи дабири кулли Созмон милал дар умури Сурия, Ҷобирии Ансорӣ, раиси ҳайъати эронӣ, Александр Лаврентев музокиракунандаи русӣ ва Седат Онал, намояндаи Туркия дар бораи роҳҳои тасҳили шурӯъ ба кори кумитаи Қонуни асосии Сурия табодули назар мекунанд.  

Ҷобирии Ансорӣ душанбе вориди Женева шуд.

Ансорӣ дар ин сафар, зимни ширкат дар нишаст бо Де Мистура, нишастҳои дуҷонибае низ бо руасои ҳайъатҳои музокиракунандаи Туркия ва Русия дорад.   

Раванди сулҳи Остона яке дигар аз меҳварҳои гуфтугӯ дар ин нишастҳо аст.