Эрдуғон ҳаргуна доду ситад бо арзҳои хориҷиро мамнӯъ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38064-Эрдуғон_ҳаргуна_доду_ситад_бо_арзҳои_хориҷиро_мамнӯъ_кард
Раисиҷумҳури Туркия дар талош барои ҳимоят аз пули миллии кишвараш харид, фурӯш ва иҷораи амволи манқӯл ва ғайриманқулро бо арзҳои хориҷӣ мамнӯъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 13, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон ҳаргуна доду ситад бо арзҳои хориҷиро мамнӯъ кард

Раисиҷумҳури Туркия дар талош барои ҳимоят аз пули миллии кишвараш харид, фурӯш ва иҷораи амволи манқӯл ва ғайриманқулро бо арзҳои хориҷӣ мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи панҷшанбе дар ростои талошҳо барои ҳимоят аз воҳиди пули кишвараш (лира), ки дар моҳҳои ахир миқдоре арзиши худро аз даст додааст, ин мамнӯиятро эълом кард.

Тибқи ҳукми раёсатҷумҳурии Туркия, ки дар рӯзномаи расмии давлати ин кишвар мунташир шуд, харид, фурӯш ва иҷораи амволи манқӯл ва ғайриманқул аз рӯзи панҷшанбе сирфан бо лираи Туркия озод аст.

Ба мӯҷиби ин ҳукм муомилоти ёдшударо наметавон ба арзҳои хориҷии шохисгузорӣ кард, аммо мумкин аст вазорати дороии Туркия дар бархе маворид истиснооте дар ин замина қоил шавад.

Фурӯшандагон ва соҳибони амвол 30 рӯз фурсат доранд маболиғи мавриди назар дар муомилоти худро ба лираи Туркия табдил кунанд ва вазъияти муомилоти худро қонунӣ кунанд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ин тадбирро бо ҳадафи ҳимояти ҳарчӣ бештар аз воҳиди пули миллии кишвараш, ки аз ибтидои сол то кунун ҳудуди 40 дарсад арзиши худро дар баробар доллар аз даст дода, ба иҷро гузоштааст.

Эрдуғон дар ҳамин робита аз ҳамватанони худ хоста буд, дар баробари афзоиши қимати доллар ваҳшатзада нашаванд ва барои эъломи ҳамбастагӣ бо давлат, захираҳои молии худ ба шакли тилло ё арзро ба лираи Туркия табдил кунанд, то кишварашон дар ҷанги истиқлол пирӯз шавад.