Дар тамоси телефонӣ бо вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, Шойгу: Русия ҳақ дорад ба иқдоми хасмонаи Исроил посух диҳад
(last modified 2018-09-18T11:47:10+00:00 )
Сентябр 18, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
  • Дар тамоси телефонӣ бо вазири ҷанги режими саҳюнистӣ, Шойгу: Русия ҳақ дорад ба иқдоми хасмонаи Исроил посух диҳад

Вазири дифои Русия ба дунболи сарнагунии ҳавопаймои ин кишвар дар ҳамлаи шаби гузашта ба Лозақияи Сурия, бо вазири ҷанги режими саҳюнистӣ телефонӣ гуфтугӯ ва таъкид кард, ки Маскав аз ҳаққи посух ба ин иқдоми хасмона бархурдор аст.  

Пас аз онки мушаххас шуд, ҷангандаҳои Исроил аз ҳавопаймои нопадидшудаи Русия ба унвони пушиш дар баробари падофанди ҳавоии Сурия истифода кардааст ва дар ин иқдом 15 низомии рус кушта шудаанд, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия бо Авигдор Либерман, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ телефонӣ суҳбат кард.  

Шойгу дар ин тамоси телефонӣ эълом карда, ки Исроил муқассири сарнагунии ҳавопаймои Русия дар Сурия аст.