Октябр 03, 2018 11:02 Asia/Dushanbe
  • Сӣ кушта дар ҳамлаи террористӣ дар вилояти Нангарҳор

Шумори қурбониёни ҳамлаи террористии рӯзи сешанбе дар вилояти Нангарҳор ба 30 кушта ва даҳҳо захмӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Суҳроб Қодирӣ, аз аъзои Шӯрои вилоятии Нангарҳор дар шарқи Афғонистон эълом кард, ин ҳамла ба ситоди яке аз номзадҳои интихоботи парлумонӣ, дар минтақаи Сарои Санги ноҳияи Кома сурат гирифт.

Узви Шӯрои вилоятии Нангарҳор таъкид кард, дар ин ситоди интихоботӣ ҳудуди 250 нафар ҳузур доштанд.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, аммо пеш аз ин гурӯҳи террористии ДИИШ борҳо бо интишори баёнияе масъулияти ҳамалоти зидди ғайринизомиён дар ин вилоятро пазируфтааст.