Октябр 03, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Нахустин мубодилоти Анкара ва Маскав бо пули миллии Русия

Барои нахустин бор, Туркия бо воҳиди пули миллии Русия (рубл) аз ин кишвар гандум харидорӣ кард.  

Маркази Су Акон Аналитик дар Русия таи баёниая эълом кард: Туркия сӣ ҳазор тонна гандумро бо воҳиди пули миллии Русия рубл харидорӣ кард.

Бар ин асос, Туркия барои ҳар тонна гандум, 17 ҳазор рубл пардохт кардааст.  

Дар сурати тадовуми мубодилоти кишварҳои минтақа бо арзҳои миллии худ ва густариши он дар сатҳи минтақа, ба тадриҷ султаи доллари Амрико дар ҷаҳон поён хоҳад ёфт.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия пештар гуфта буд, Анкара мубодилоти тиҷорӣ бо истифода аз пулҳои миллӣ дар тиҷорат бо шуракои муҳим аз ҷумла Русияро афзоиш хоҳад дод.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сентябри соли гузашта фармуданд: “Агар масъулон ва мардум битавонанд иқтисоди муқовиматиро ба маънои воқеӣ муҳаққақ ва кишварро аз ҷодуи молӣ ва пулии душман халос кунанд ва арзиш ва оқоии долларро дар зиндагии иқтисодӣ бшикананд, кишварҳои дигарро низ наҷот додаанд ва барои онҳо улгу хоҳанд шуд”.

Эрнест Вулф, иқтисоддони барҷастаи олмонӣ гуфтааст: Аз 1944, доллар муҳимтарин арзи байналмилалӣ аст ва аз даҳаи 1970, ки мабнои қимматгузории нафт низ бар асоси доллар таъин шуд, ин арз ба бузургтарин ва муҳимтарин мабнои захираи арзии кишварҳо табдил шудааст.

Ин коршиноси олмонӣ ҳамчунин мегӯяд: “Таи солҳои гузашта бо бурузи буҳронҳои иқтисодӣ дар Амрико, доллар низ зарба хурдааст ва аз тарафе рақобати ҷиддӣ дар бозорҳои молӣ аз тарафи Чин барои боло бурдани нуфузи юан ва рақобат бо доллар эҷод шудааст”.

Нахустин мубодилаи Туркия ва Русия бо пули миллиро бояд гоми ҷиддии раҳбарони Анкара ва Маскав барои пайвастан ба суфуфи кишварҳое қаламдод кард, ки пеш аз ин ба муқобила бо султаи доллар иқдом кардаанд.