Раиси Пулиси байналмилал гум шуд
Октябр 05, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
Пулиси Фаронса эълом кард, дар бораи нопадид шудани раиси Пулиси байналмилал – Интерпол таҳқиқ мекунад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Олам, Интерпол дар шаҳри Лиони Фаронса мустақар аст ва ба ҳамин сабаб полиси ин кишвар эълом карда, дар бораи нопадид шудани Минг Ҳонгвей раиси ин ниҳод таҳқиқ мекунад.
Ҳамсари раиси пулиси байналмилал, ки дар шаҳри Лиони Фаронса зиндагӣ мекунад, ба полис гуфтааст, ки аз моҳи сентябр, ки ҳамсараш ба Чин сафар карда, ҳеҷ тамосе бо ӯ надоштааст.
Минг Ҳонгвей раиси Интерпол, аҳли кишвари Чин аст.
Вай пеш аз ин муовини вазири амнияти умумии Чин буд.
Сухангӯи Пулиси байналмилал то кунун дар ин замина изҳори назар накардааст.