“Ҳазфи доллар” - рӯйи мизи ширкатҳои аврупоӣ
(last modified 2018-10-06T08:08:48+00:00 )
Октябр 06, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • “Ҳазфи доллар” - рӯйи мизи ширкатҳои аврупоӣ

Вазири дороии Русия гуфт, ширкатҳои аврупоӣ дар ҳоли баррасии ҳазфи доллар аз муомилот бо Русия ҳастанд.

Антон Силуанов ба шабакаи телевизионии “Русия – 24” гуфт, Маскав ва ширкатҳои аврупоӣ дар бораи ҳазфи доллар аз муомилоти худ бо шарикон ҳамкорӣ мекунанд.

Силуанов бо ишора ба гузоришҳое дар бораи эҷоди низоми пардохти ҷойгузини СВИФТ бо шумули евро, ки бонкҳо ва муассисоти молии аврупоӣ барои тиҷорати нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз он истифода хоҳанд кард, афзуд, Русия омодаи пайвастан ба ҳар иқдоме дар посух ба эъмоли маҳдудиятҳои Амрико аст.

Вазири дороии Русия гуфт, фишори хориҷии иборат аз таҳримҳо омили аслии таъсиргузор бар қимати асъор аст, аммо давлати Русия ва Бонки марказии ин кишвар медонанд, ки чӣ гуна бо ин навасонот муқобила кунанд.

Силуанов ибрози умедворӣ кард, иқдомоти давлат ва Бонки марказии Русия боиси субот дар нархи асъор (арз) шавад.

Вазири дороии Русия пештар гуфта буд, доллари Амрико дигар абзори қобили эътимоде барои пардохтҳо дар тиҷорати байналмилалӣ нест.

 

Барчасп