Вокуниши "Хабранигорони бидуни марз" ба сарнавишти Хошиқҷӣ
Созмони Хабарнигорони бидуни марз, баррасии дақиқи сарнавишти рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ ва иллати марги эҳтимолии вайро хостор шуд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, Созмони Хабарнигорони бидуни марз рӯзи шанбе бо интишори баёнияе эълом кард: Агар кушта шудани Ҷамол Хошиқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Арабистон таъйид шавад, иттифоқе хавфнок хоҳад буд
Дар ин баёния омадааст: Ин иқдом дар заминаи озодии иттилорасонӣ, ғайри қобили қабул аст.
Ҷамол Хошиқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ сешанбеи гузашта, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар шаҳри Истамбули Туркия нопадид шуд.
Баъзе манобеи хабарӣ гуфтаанд, ки Хошиқҷӣ зери шиканҷа ба қатл расидааст.
Созмони Афви байналмилал низ дар баёнияе эълом кард: Қатли Ҷамол Хошиқҷӣ ба ин маънӣ аст, ки мунтақидони давлати Саудӣ ҳатто дар хориҷ аз Арабистон низ амнияти ҷонӣ надоранд.
Номи Ҷамол Хошиқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Саудӣ қарор дошт ва вай аз бими боздошт шудан, дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.