Октябр 10, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои Ҳейлӣ ва ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии давлати Трамп

Дар идомаи сериали канорагириҳо ва барканориҳо дар давлати Доналд Трамп, Никӣ Ҳейлӣ низ аз симмати сафири Амрико дар Созмони милал истеъфо дод.  

Ҳейлӣ дар нишасти хабарӣ, ки дар Кохи Сафед ва бо ҳузури Доналд Трамп баргузор шуд, иллати истеъфои худро ниёз ба истироҳат унвон кард.

Шеваи эъломи ин хабар, ки гуфта мешавад, бархе аз мақомоти аршади давлати Амрико низ аз он беиттилоъ буданд, ҳадс ва гумонҳоеро ҳавли мавзуъ матраҳ кардааст.

Бархе шавоҳид ҳикоят аз он дорад, ки бурузи ихтилофи назарҳое миёни Трамп ва Ҳейлӣ бар сар мавзуоте дар ниҳоят ба ҷудоии Ҳейлӣ аз давлати Трамп анҷомид.

Ҳатто бархе расонаҳо низ гамоназанӣ кардаанд, ки Ҳейлӣ нависандаи мақолаи ҷанҷолии Ню-Йорк Таймз будааст, ки таҳти унвони “Ман бахше аз ҳастаи муқовимати давлати Трамп ҳастам” мунташир шуд.

Ситоишҳои камсобиқаи Трамп ва Ҳейлӣ аз якдигар дар ҷаласаи эъломи хабари канорагирӣ, эҳтимоли даргирии пушти пардаи раисҷумҳури Амрико бо сафири доими ин кишвар дар Созмони милалро ба ҳадди ақал мерасонад.

Афви байналмилал дар вокуниш ба канорагирии Никӣ Ҳейлӣ эълом кард: Умедворем, ки истеъфои Ҳейлӣ ба поёни равобити бисёр заифи байни созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагии Амрико дар Созмони милал мунҷар шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳи Доналд Трамп ва ҷарёни зидди байналмилалгароёни ҳоким бар Кохи Сафед дар қиболи воқеиятҳои ҷаҳонӣ ва исрори онон бар таҳаққуқи шиори “Аввал Амрико”, тақрибан умеде ба тағйири рӯйкарди давлати Амрико бо канорагирии Ҳейлӣ вуҷуд надорад.