Эъдоми қотили духтарбачаҳои покистонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38832-Эъдоми_қотили_духтарбачаҳои_покистонӣ
Дар Покистон як ҷавонеро, ки ба таҷовуз ва қатли 8 кӯдак гунаҳкор дониста мешуд, ба дор овехтаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2018 11:08 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми қотили духтарбачаҳои покистонӣ

Дар Покистон як ҷавонеро, ки ба таҷовуз ва қатли 8 кӯдак гунаҳкор дониста мешуд, ба дор овехтаанд.

Ба нақл аз шабакаи Саҳар, ҳукми қатли Муҳаммад Имронро рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Лоҳур ва дар ҳузури падари яке аз кӯдакон Амин Ансорӣ иҷро кардаанд.

Таҷовуз ва қатли Зайнаб, духтари 7-солаи Амин Ансорӣ хашми мардуми Покистон ва ҷомеаи байналмилалиро барангехт.

Ҷасади Зайнабро дар як партобгоҳе дар шаҳри Касури Покистон пайдо карданд ва қотил ду ҳафта баъд дастгир шуд.

Музаффар Овон, яке аз мақомоти раёсати зиндонҳои Покистон, гуфт, ки баъди иҷрои ҳукми қатл ҷасади Муҳаммад Имронро барои дафн ба хешовандонашон супурдаанд.