Октябр 19, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Трамп ба кушта шудани Хошуқҷӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико эълом кард, иддаоҳо дар бораи ин ки валиаҳди Саудӣ дастури қатли Ҷамол Хошуқҷиро содир кардааст, этилофи Амрикоро бо Арабистон дар баробари аломати савол қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, пойгоҳи интернетии Ню-Йорк Таймс дар гузорише ба қалами Маги Ҳоберман ва Марк Лондер навишт: Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дирӯз дар мусоҳибае таъкид кард, ба гузоришҳои иттилоотӣ дар хусуси ин парванда, ки аз манобеи чандгона таҳия ва дар онҳо ба нақши мақомоти аршади Саудӣ дар қатли Хошуқҷӣ ишора шудааст, эътимод дорад.

Трамп аз ишораи мустақим ба номи Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Саудӣ ва инки вай масъули қатли Хошуқҷӣ аст, худдорӣ, вале эътироф кард, тарҳи ин иддаоҳо, ки валиаҳд дастури қатли вайро содир кардааст, этилофи Амрикоро бо Арабистон бо пурсишҳои душворе рӯбарӯ мекунад ва яке аз ҷиддитарин буҳронҳои сиёсати хориҷиро дар даврони раёсати ҷумҳурии вай ба вуҷуд овардааст.

Трамп пештар талош карда буд аз ҳуккоми Саудӣ дар ин парванда ба наҳве ҳимоят кунад, вале ҳоло аз паёмадҳои манфии парвандаи Хошуқҷӣ ва эҳтимоли инки наздиктарин муттаҳиди Вашингтон дар ҷаҳони араб мумкин аст дасташ ба хуни рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ олуда бошад, огоҳ шудааст.

Трамп дар посух ба пурсише дар бора инки агар дахолати Арабистони Саудӣ дар ин моҷаро собит шавад, чӣ хоҳад шуд, гуфт: Ман бояд бархурди бисёр шадиде бо ин қазия дошта бошам. Ин чизи баде аст.