Октябр 20, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон

Интихоботи Маҷлиси миллии Афғонистон субҳи имрӯз (шанбе) оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, интихоботи Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз соати ҳафти субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар 32 вилоят аз 34 вилоят (ба ҷуз Ғазнӣ ва Қандаҳор) оғоз шуд ва афроде, ки ҳаққи раъй додан доранд, бо ҳузур дар марокиз ва шӯъбаҳои раъйгирӣ ба номзадҳои мавриди назари худ раъй медиҳанд.

Комиссияи интихоботи Афғонистон эълом кард, дар ин интихобот беш аз ду ҳазору 500 нафар, аз ҷумла чаҳорсад зан худро номзад кардаанд ва қарор аст аз миёни онҳо 250 нафар роҳии маҷлиси ояндаи ин кишвар шаванд.

Шасту ҳашт курсии Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба занон ихтисос ёфтааст.

Кобул - пойтахти Афғонистон бо ҳаштсадучаҳор номзад бештарин номзадҳоро дир миёни дигар вилоёти ин кишвар ба худ ихтисос додааст ва аз миёни ин номзадҳо 33 нафар ба намояндагӣ аз мардуми Кобул вориди маҷлис хоҳанд шуд.

Ин даври интихобот пас аз соли 2001 севумин интихоботи маҷлиси намояндагон аст ва дар ин давр ҳудуди ҳашт миллиону ҳаштсад ҳазор раъйдиҳанда (болои ҳаждаҳ сол) барои ширкат дар интихобот номнависӣ кардаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон низ эълом кардааст беш аз панҷоҳ ҳазор нерӯи амниятӣ амнияти интихоботи маҷлиси намояндагони ин кишварро таъмин мекунанд.

Тадрбири шадиди амниятӣ дар Афғонистон рӯйи даст гирифта шудааст, дар ҳоле ки гурӯҳи Толибон баргузории интихоботи маҷлиси Афғонистонро таҳрим ва онро тавтеаи амрикоӣ дониста ва ҳушдор додааст, онро халалдор месозад.

Қарор аст чаҳорсад ҳазор нафар, аз ҷумла 130 табаъаи хориҷӣ бар интихоботи маҷлиси Афғонистон назорат кунанд.

Барои нахустин бор дар ин интихобот аз дастгоҳҳои “биометрик” (сомонаи сабти ҳувияти раъйдиҳандагон) истифода мешавад то аз қонуншиканиҳои эҳтимолӣ дар раванди интихобот ҷилавгирӣ шавад.

Интихоботи Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар вилояти Ғазнӣ ба далели иҷро нашудани тарҳи сабти номи афроди дорои шароити раъйдиҳӣ ва ҳамчунин номзадҳои интихобот баргузор намешавад ва қарор аст интихоботи вилояти Қандаҳор ҳам бо як ҳафта таъхир баргузор шавад ва иллати он шароити номусоиди амниятӣ пас аз ҳамлаи террористӣ ба масъулони аршади ин вилоят эълом шудааст.