Октябр 22, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Горбачев ба тасмими ҳастаии Трамп

Охирин раҳбари Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва яке аз ду имзокунандаи Паймони коҳиши мушакҳои ҳастаии миёнбурд, тасмими раисиҷумҳури Амрико ба  хурӯҷ аз ин муоҳидаро иштибоҳ хонд.

Ба гузориши Райтерз, Михаил Горбачев рӯзи якшанбе таъкид кард, таҳти ҳеҷ шароите набояд тавофуқҳои халъи силоҳ аз миён бираванд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи шанбе эълом кард, кишвараш барои хурӯҷ аз Паймони мушакҳои ҳастаии миёнбурд дар ҳафтаи оянда омода мешавад.

Паймони дуҷонибаи мавсум ба "Мушакҳои ҳастаии миёнбурд" дар соли 1987 ба имзои сарони вақти Амрико ва Шӯравӣ расид ва яке аз иқдомоти муҳим дар танишзудоӣ дар даврони Ҷанги сард буд.

Бар асоси ин паймон, мушакҳои миёнбурд аз 1000 то 5500 километр ва кӯтоҳбурд, дорои бурди 500 то 1000 километр бояд нобуд шаванд.

 

Барчасп