Трамп даст доштани Бин Салмон дар қатли Хошуқчиро тайид кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38974-Трамп_даст_доштани_Бин_Салмон_дар_қатли_Хошуқчиро_тайид_кард
Раисҷумҳури Амрико гуфт: Агар аз мақомоти Арабистон касе дар қатли рӯзноманигори мунтақиди Риёз дахолат дошта бошад, ин шахс касе ҷуз валиаҳди Саудӣ нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 24, 2018 17:03 Asia/Dushanbe
  • Трамп даст доштани Бин Салмон дар қатли Хошуқчиро тайид кард

Раисҷумҳури Амрико гуфт: Агар аз мақомоти Арабистон касе дар қатли рӯзноманигори мунтақиди Риёз дахолат дошта бошад, ин шахс касе ҷуз валиаҳди Саудӣ нест.

Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Вол Стрит Журнал гуфт: Арабистони Саудӣ аз аввал то охир дар пардохтан ба масъалаи қатли Ҷамол Хошуқчӣ камкорӣ мекард.  

Трамп гуфт, ки бовар дорад, Малик Салмон, подшоҳи Арабистон аз қабл аз қатли Хошуқчӣ мутталеъ набуд, аммо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ӯ бештари корҳоро идора мекунад ва барои ҳамин, агар касе дар ин кор даст дошта, ин шахс бояд валиаҳд бошад.

Вай афзуд: Дар ҳамалоти 11 сентябр ҳам террористҳо аз Арабистон ба Афғонистон рафта буданд.

Гузориши Вол Стрит Журнал ҳокӣ аст, Амрико алайҳи 21 мақоми Саудӣ, ки гуфта мешавад, бо қатли Ҷамол Хошуқчӣ иртибот доштаанд, иқдоми дипломатӣ кардааст.