Пешниҳоди ҷолиби мақоми чинӣ ба Трамп барои шунуд нашудан
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин посухи ҷолибе ба иддаои рӯзномаи Ню-Йорк Таймз дод, ки мавзӯи шунуди тамосҳои телефонии раисиҷумҳури Амрико, тавассути Пекин ва Маскавро матраҳ карда буд.
Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар аввалин вокуниши расмии Пекин ба иддаои шунуди муколимаҳои телефони ҳамроҳи шахсии раисиҷумҳури Амрико, ба таблиғ барои гӯшии ҳамроҳи сохти Чин пардохт.
Хуа Чун Ин (Hua Chunying) дар вокуниш ба хабари мунташир шуда дар Ню-Йорк Таймз дар бораи шунуди тамосҳои телефонии раисиҷумҳури Амрико аз сӯи Пекин ва Маскав гуфт: «агар онҳо дар бораи шунуда шудани гӯшиҳои “Iphone” нигарон ҳастанд, метавонанд аз “Huawei” истифода кунанд.»
“Huawei” як ширкати чанд миллияятӣ дар заминаи шабакаҳои роёнаӣ ва иртиботот аст ва дафтари аслии ин ширкат дар шаҳри Шэнчжэни Чин қарор дорад.
Таблиғи ин мақоми чинӣ барои “Huawei” баъд аз интишори гузориши бомдоди рӯзи панҷшанбеи Ню-Йорк Таймз сурат гирифта, ки дар он иддао шуда, Русия ва Чин тамосҳои телефонии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро шунуд кардаанд.
Ба иддаои ин рӯзнома, вақте Трамп бо яке аз гӯшиҳои “Iphone” бо дӯстони қадимиаш тамос мегирад, то назароти онҳоро дар бораи амалкардаш ба унвони раисиҷумҳури Амрико бишинавад, ҷосусҳои чинӣ ағлаб ба сӯҳбатҳои ӯ гӯш медиҳанд, то битавонанд иттилооте дар бораи наҳваи асаргузорӣ бар сиёсатҳои давлати ӯ ба даст оваранд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ зимни нодуруст хондани гузориши Ню-Йорк Таймз дар бораи шунуди тамосҳои телефонии ӯ аз сӯи Чин ва Русия, таъкид кардааст, ки фақат аз гӯшиҳои давлатӣ истифода мекунад.