Арзи миллӣ ҷойгузини доллар дар мубодилоти Филиппин ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39000-Арзи_миллӣ_ҷойгузини_доллар_дар_мубодилоти_Филиппин_ва_Чин
Чин дар чорчуби муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико бо Филиппин сомонаи мубодилоти арзии мустақим бар пояи пули миллӣ эҷод мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Арзи миллӣ ҷойгузини доллар дар мубодилоти Филиппин ва Чин

Чин дар чорчуби муқобила бо ҷанги тиҷории Амрико бо Филиппин сомонаи мубодилоти арзии мустақим бар пояи пули миллӣ эҷод мекунад.

Ба гузориши ИРНА, бонки марказии Филиппин рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, ба манзури густариши равобити тиҷории Пекин ва Манила, ду тараф қасд доранд як сомонаи бонкии муштарак эҷод кунанд то арзҳои роиҷи ду кишвар дар ин сомона ба осонӣ қобили мубодила бошад.

Бар асоси ин баёния, бонкҳои марказии Чин ва Филиппин 30 октябри ҷорӣ ёддошти тафоҳуме барои иҷроӣ кардани ин сомонаи табодули арзи муштарак имзо хоҳанд кард.

Ин сомона ба 15 бонки маҳаллии ду кишвар иҷоза медиҳад ба таври мустақим бо ренминби (арзи расмӣ дар Чин) ва песо (воҳиди пули Филиппин) муомилоти молӣ-пулӣ анҷом диҳанд.