Ҳимояти Олмон аз пешниҳоди таҳрими таслиҳотии Аврупо алайҳи Арабистон
Вазири иқтисоди Олмон аз пешниҳоди Австрия барои мавзеъгирии муштараки Аврупо дар бораи қатъи содироти силоҳ ба Арабистон ҳимоят кард.
Питер Алтмайер, вазири иқтисоди Олмон рӯзи ҷумъа ба шабакаи расонаии “Дойчланд Функ” -и ин кишвар гуфт, Берлин дар мавриди қатъи содироти силоҳ ба Арабистон ба тавофуқ расидааст ва чунончӣ кишварҳои аврупоӣ мавзеи муштараке дар ин бора дар пеш гиранд, таъсири ин тасмим нерӯмандтар хоҳад шуд.
Карин Кнайсл, вазири умури хориҷаи Австрия, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, ин иттиҳодия дар пайи қатли Ҷамол Хошуқчи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ бояд фурӯши силоҳро ба Арабистон мутаваққиф кунад ва чунин иқдоме метавонад ба поён ёфтани ҳамалоти Арабистон ба Яман кумак кунад.
Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ, аз марти 2015 то кунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ сабаб шудааст.