Октябр 27, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти чаҳорҷонибаи Истамбул дар бораи Сурия

Нишасти чаҳорҷонибаи Туркия, Русия, Фаронса ва Олмон барои баррасии таҳаввулоти ахири Сурия дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Владимир Путин, Эммануэл Макрон,, раисони ҷумҳурии Туркия, Русия ва Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар нишасти рӯзи шанбеи Истамбул дар бораи Сурия, ҳузур доранд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пеш аз оғози ин нишаст бо сарони се кишвари Русия, Фаронса ва Олмон дидору гуфтугӯ кард.

Дидори Мавлуд Човӯш Уғлӯ ва Сергей Лавров, вазирони хориҷаи Туркия ва Русия аз дигар дидорҳое буд, ки пеш аз оғози нишасти чаҳорҷонибаи Истамбул анҷом шуд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд, ки бо талоши артиш ва мардуми Сурия, тавтеаи душманон ноком монд.