Ифшои паёмҳои хусусии 81 ҳазор корбари Фейсбук
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39169-Ифшои_паёмҳои_хусусии_81_ҳазор_корбари_Фейсбук
Бахши русии шабакаи ВВС аз фош шудани иттилооти шахсии 257 ҳазор корбари Фейсбук, аз ҷумла паёмҳои хусусии 81 ҳазор корбар аз аввали сентябри имсол то кунун хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 02, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ифшои паёмҳои хусусии 81 ҳазор корбари Фейсбук

Бахши русии шабакаи ВВС аз фош шудани иттилооти шахсии 257 ҳазор корбари Фейсбук, аз ҷумла паёмҳои хусусии 81 ҳазор корбар аз аввали сентябри имсол то кунун хабар дод.

Хадамоти таҳқиқотии бахши русии шабакаи ВВС рӯзи ҷумъа эълом кард, иттилооти шахсии 257 ҳазор корбари Фейсбук, аз ҷумла паёмҳои хусусии 81 ҳазор корбар аз сентябри имсол то кунун дар интернет ба осонӣ дар ихтиёри дигарон қарор гирифта, ки ин кор мумкин аст тавассути ҳакерҳои рус сурат гирифта бошад.

Шабакаи ВВС эълом кард, ин иттилоот тавассути ҳакерҳое, ки иддао мекунанд ба иттилооти шахсии 120 миллион корбар дастрасӣ доранд ва пешниҳод додаанд, ки ҳар сафҳаи шахсиро 10 сент мефурӯшанд, ба рӯйи хат ирсол шудааст.

Бар асоси таҷзия ва таҳлилҳое, ки анҷом шуда, як ширкати амнияти сайберии Англия дарёфтааст, ки 12 ҳазор аз маҷмӯи 257 ҳазор корбари Фейсбук эълом кардаанд, ки аҳли Русия ҳастанд ва 47 ҳазор нафар низ эълом кардаанд аз Украина ҳастанд.