Интиқоди раҳбари мусулмонони Амрико аз сиёсатҳои хасмонаи давлати Амрико алайҳи Эрон
Раҳбари Ҷунбиши мусулмонони Амрико аз сиёсатҳои хасмонаи давлати Доналд Трамп ва эъмоли сахттарин таҳримҳо алайҳи миллати Эрон аз сӯи Амрико интиқод кард.
Луис Фарохон имрӯз (панҷшанбе) дар нишасти хабарӣ дар шабакаи Пресс Тв, бо интиқод аз сиёсатҳои хасмонаи давлати Амрико, эъмоли таҳрими золимона алайҳи миллати Эрон, Тасреҳ кард, Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қолаби БАРҶОМ ба таври комил ва ба дурустӣ амал кардааст, аммо Амрико ба сурати якҷониба аз БАРҶОМ хориҷ шуда ва сахттарин таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол кардааст.
Вай бо баёни инки миллати Эрон ба иллати эъмоли таҳримҳои золимонаи Трамп мавриди ҳаҷма қарор гирифтаанд, афзуд, тамоми ниҳодҳои нозири байналмилалӣ ба сурати мустанад эълом карданд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳатто яке аз мавориди тавофуқномаи БАРҶОМ-ро нақз накардааст.
Луис Фарохон, ба пойбанд набудани тарафҳои дигари БАРҶОМ ба тааҳҳудоташон дар қолаби БАРҶОМ ишора кард ва гуфт, онҳо дар қолаби ин тавофуқнома қарор буд, 150 миллиард доллар пул дар ихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор диҳанд, ки натавонистанд пойбандии худро ба БАРҶОМ нишон диҳанд.
Вай ҳамчунин бо ишора ба вазъияти сиёсии ҳоким бар ҷаҳон ва вуҷуди зулм, куфр ва ҷиноят аз сӯи бархе аз кишварҳои бузург, афзуд, шайтон чеҳраи Масеҳ ва яҳудро тағйир додааст, бинобар ин ҷаҳони Ислом бояд ихтилофотро канор гузошта ва бо ваҳдат дар канори ҳам зиндагӣ кунанд.
Луис ҳамчунин дар бораи сиёсати Амрико дар минтақаи Ховари Миёна, гуфт, вуҷуди манобеи табиӣ саршор, аз ҷумла нафт дар Ховари Миёна мӯҷиб шудааст, то Амрико дар пайи фурӯши миллиардии таслиҳот ба кишварҳои арабии Ховари Миёна бошад, ки ин сиёсати Амрико боиси ҷанги бузурге дар ин минтақа хоҳад шуд.
Луис Фарохон хитоб ба Трамп ҳам гуфт, марг бар Амрико ва Исроил боиси поён додан ба Амрико нест, балки шумо масъули нобудии Амрико хоҳед буд.