Ноябр 08, 2018 18:35 Asia/Dushanbe
  • Пас аз ҳамлаи лафзии Трамп: Хабарнигори СНН ихроҷ шуд

Пас аз ҳамлаи лафзии Трамп ба хабарнигори СНН дар ҷараёни конфронси матбуотии марбут ба интихоботи миёндавраии Амрико, вай аз Кохи Сафед, ихроҷ шуд ва дигар иҷозаи пӯшиши ахбор дар ин маконро надорад.

Кохи Сафед муҷаввизи ҳузури Jim Acosta, хабарнигори шабакаи телевизионии СНН-ро лағв кард ва бар ин асос вай, дигар наметавонад дар ин макон ба пӯшиши хабарии ахбор мубодират намояд.

Ин рӯйдод пас аз он ба вуқӯъ пайваст, ки ин хабарнигор дар ҷараёни конфронси матбуотии марбут ба интихоботи миёндавраии Амрико аз сӯи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифт.

Ҳодиса замоне рӯй дод, ки вай аз Трамп дар бораи истифода аз калимаи «таҳоҷум», барои муҳоҷирони озим ба марзи ин кишвар бо Мексика савол пурсида буд, Трамп ҳам дар посух гуфт, шумо СНН-ро идора кунед ва бигузоред ман кишварро идора кунам. Агар СНН-ро дуруст идора мекардед, ҷойгоҳатон беҳтар аз ин буд.

Ин дар ҳолест, ки мудирияти ин шабака дар баёнияе тасреҳ кард, ки Jim Acosta аз ҳимояти комили СНН бархӯрдор хоҳад буд.

Ҳамалоти лафзии Трамп ба бархе аз расонаҳои мунтақиди вай дар ин кишвар, пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябри соли 2016 милодӣ оғоз ва камокон идома дорад.

 

Барчасп